Ба гузориши хабаргузории “Дунё”, дар сӯҳбате, ки пас аз маросими расмӣ сурат гирифт, вазъи кунунии муносибатҳои бисёрҷанбаи шарикии стратегии амиқи Ӯзбекистон ва Туркия ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки байни президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия муносибатҳои самимӣ ва дӯстона барқарор гардидаанд. Ба чорабиниҳои сатҳи олӣ ва муҳиме, ки то охири сол ба нақша гирифта шудаанд, диққати махсус дода шуд.
Зикр гашт, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дипломатияи иқтисодӣ имкониятҳо мавҷуданд ва зарурати афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила дар солҳои наздик ба 5 миллиард доллари ИМА таъкид гардид.
Президенти Туркия ба сафири Ӯзбекистон дар фаъолияти пурмасъулияташ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобила комёбӣ таманно намуда, қайд кард, ки тамоми созмонҳои давлатӣ ба дипломат дар иҷрои вазифааш аз наздик кумак хоҳанд кард.









