Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони миссияҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тошканд номнавис шудаанд, сафирони кишвари мо дар давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов дар баромади худ дар бораи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистони Нав маълумот дод.

Дар рафти "мизи мудаввар" ҳамчунин роҳбарони сафоратхонаҳои Озарбойҷон, Алҷазоир, Олмон, Ҳиндустон, Уммон, Ҷумҳурии Корея, Руминия, Тоҷикистон, Ҷопон, инчунин роҳбарони намояндагиҳои СММ ва ЮНИСЕФ дар кишвари мо баромад намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.