Ҳаҷми ҷубронпулӣ:

Нерӯи барқ — то 150 кВт/соат дар як моҳ, барои ҳаҷми истеъмолшудаи зиёда аз меъёри асосӣ (боло аз 200 кВт/соат);

Гази табиӣ — дар моҳҳои зимистон то 250 метри мукааб, дар дигар моҳҳо то 150 метри мукааб барои ҳаҷми зиёдатӣ аз меъёр.

Агар пештар ҷубронпулӣ танҳо дар фасли зимистон дода мешуд, акнун он тамоми сол ҳар моҳ пардохта мешавад.

Пардохтҳо аз 1 майи соли 2025 то 1 апрели соли 2027 барои гурӯҳҳои муайяни оилаҳои ниёзманд пешбинӣ шудаанд.