Ба ин муносибат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон Ол Сауд номаи табрикӣ фиристод.

Дар нома зикр мегардад, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Саудӣ дар солҳои охир динамикаи мусбатро нишон дода, бо мазмуни амалӣ ганӣ гардидаанд. Алоқаю мубодилаи пуршиддат давом дорад, ки ба шарофати он ҳамкорӣ ба зинаи сифатан нав баромад.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Ӯзбекистон омода аст ҳамкориҳои созандаро бо ШАС дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома диҳад.

***

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое гардид, ки қарор оиди дар соли 2023 дар Самарқанд баргузор намудани 25-умин иҷлосияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ-ро дастгирӣ менамояд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.