Дурнамои ҷалби сармоя ба соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуд

    Нақлиёт 30 Iyun 2022 837

    29 июни соли равон муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов бо коршиноси маъруфи Туркия дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ, собиқ раиси Шӯрои директорони "Turkish Airlines" Илкер Айҷӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот аз ҷониби Ӯзбекистон раҳбарияти Вазорати нақлиёт низ ширкат дошт.

    Дар ҷараёни мулоқот дурнамои роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши авиатсияи граждании Ӯзбекистон, яъне баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбекистон ва ҷалби сармоягузорони хусусӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт баррасӣ шуд.

    Ҷониби Туркия омодагии худро барои мусоидат дар ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Туркия дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории ин соҳа изҳор дошт.

    Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби самтҳои баррасишудаи ҳамкориҳо ҳавасмандӣ зоҳир карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates