Дурнамои амиқсозии ҳамкории Ўзбекистон ва СҲИ баррасӣ гардид

    5 июли соли равон муовини Сарвазири – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Хусрав Нозириро, ки дар доираи иштирок дар кори мулоқоти ҳафтуми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои СҲИ дар шаҳри Тошканд дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Зимни суҳбат Хусрав Нозирӣ таъкид кард, ки раисии Ӯзбекистон дар СҲИ ба густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар доираи созмон мусоидат мекунад. Корҳо оид ба татбиқи саривақтии «Харитаи роҳ»-и дар доираи татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СҲИ қабулшуда мунтазам идома доранд.

    Масъалаҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар доираи Созмон, ки ба тақвими СҲИ барои соли 2022 ворид карда шудааст, аз ҷумла ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар моҳи ноябри соли 2022 дар Тошканд баррасӣ шуданд.

    Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рафъи мушкилоте, ки бо халалдор шудани занҷирҳои таъминот ва пандемияи давомдор дар ҷаҳон алоқаманданд, баррасӣ шуданд. Дурнамои андешидани тадбирҳои муштараки ҳамоҳангшуда оид ба барқарорсозии мунтазами коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва савдо дар минтақа баррасӣ шуд ва ин дар партави он, ки кишварҳои СҲИ бузургтарин шарикони тиҷоратии Ӯзбекистон мебошанд, махсусан муҳим аст. Дар охири соли 2021 гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва кишварҳои СҲИ 11,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 1,8 баробар зиёд аст. Бо ширкати сармоягузорони кишварҳои узви СҲИ беш аз 5300 корхонаи муштарак ва хориҷӣ дар Ӯзбекистон созмон дода шудааст.

    Ҷонибҳо дар фазои созанда масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати рушди иқтидори транзитӣ дар минтақаи СҲИ-ро баррасӣ карданд. Бо ин максад дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту алоқа, ки ба ҳаракати озоди молу хид-матҳо, инчунин беҳтар намудани шароит ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, пурзӯр карда шавад.

    Дар ҷамъбасти вохӯрӣ пайравии тарафайн ба иқдомоти муштарак оиди ба самти татбиқи амалӣ гузарондани ҳамаи ташаббусҳо ва созишномаҳо эълон карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates