Лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуданд

    23 марти соли ҷорӣ муовини вазири иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулнора Раҳимова бо намояндагони ҳайат таҳти роҳбарии саркоршиноси сармоягузории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ), роҳбари лоиҳаи сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар заминаи ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ Алсад Мазен мулоқот кард.

    Дар вохӯрӣ муовини директори Департаменти рушди шарикии давлатию хусусӣ ва коҳиши вазифаҳои давлатии Вазорати иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ Зокир Базаров ва аз номи меҳмонон роҳбари дафтари КБМ дар Ӯзбекистон Зафар Ҳошимов ва мушовир оид ба лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ Шабурхон Шамаҳмудов иштирок карданд.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар ташаккули лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаҳои сохтмони мактабҳо дар асоси ҳамкориҳои шарикии давлативу хусусӣ бо назардошти эҳтиёҷот ва имконоти минтақаҳо, инчунин назорат аз болои равандҳои маблағгузории лоиҳавӣ, сохтан, ба истифода додани биноҳо, хидматрасонии техникӣ ва ташкили мактаберо, ки бо технологияи сарфакунандаи энергия таъмин карда шудааст, мавроиди муҳокима қарор доданд.

    Пас аз анҷоми муколама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро аз рӯи масъалаҳои дар боло зикршуда тавсеа ва таҳким бахшанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Раёсати робита бо ҷомеаи Вазорати иқтисод ва молия.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates