Байни Ӯзбекистон ва Чин муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд

    Тиҷорат 19 Aprel 2023 1286

    18 апрели соли равон муовини раиси Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон М. Одилов бо намояндагони ширкати чинии «Hubei Fuxing Technology Co., Ltd.» мулоқот анҷом дод.

    Намояндагони ширкати хориҷӣ ба иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон, аз ҷумла дар соҳаи таълим, хидматрасонӣ ва сохтмони маҷмӯъҳои истиқоматӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Муовини раис дар навбати худ дар бораи фаъолияти минтақаҳои саноатии Ӯзбекистон, инчунин оид ба имтиёзҳо ба корхонаҳои хориҷӣ маълумоти муфасал дод.

    Ширкат инчунин ба низоми бонкии Ӯзбекистон, ҳамчунин имкониятҳои кушодани бонкҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

    Дар поёни мулоқот ҷонибҳо мулоқоти дуюмро бо мақсади баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин тадбиқи тиҷорати чинӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates