Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Малайзия баррасӣ шуданд

    24 июли соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Ҳайдаров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар кишвари мо Илҳом Туаҳ бин Иллиос мулоқот кард.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи Ўзбекистону Малайзияро марриди муҳокима қарор дода, доир ба рафти иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим ба кишвари мо рӯзҳои 17-19 майи соли ҷорӣ ҳосилшуда табодули афкор намуданд. Таклифҳои мушаххас оид ба ривоҷи фаъолонаи дипломатияи иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

    Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва ҷанбаҳои мазмунноки сафарҳои ба нақша гирифташуда ва чорабиниҳои муштараки дар сатҳҳои гуногун дарпешистода дода шуданд.

    Дар мулоқот ҳамчунин зарурати афзоиши минбаъдаи табодули сайёҳон, бахусус дар соҳаи сайёҳии зиёратӣ таъкид шуда, ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои дахлдори муштарак баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates