Дар вохӯрӣ иқтидори баланди ҷавонон, ки 60 фоизи аҳолии кишварамонро ташкил медиҳанд, эътироф гардида, масъалаи ҷалби ҷавонони ӯзбек ба Академияи САҲА, воқеъ дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, тарғиби волоияти қонун дар байни донишҷӯён, интихоботи парлумонӣ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар кишвари мо баргузор мешавад, кори муштарак оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва нақшаҳои ояндаро баррасӣ намуданд.
«САҲА омода аст ҳукумати Ӯзбекистонро дар ҳама ташаббусҳояш дастгирӣ кунад», - гуфт Антти Карттунен.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои амалии муштаракро идома диҳанд.