Дар ҷараёни мулоқот оид ба ислоҳоти низомие, ки дар кишвари мо бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва мубориза бар зидди зӯроварӣ амалӣ мешаванд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, оид ба корҳои такмил додани заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалӣ, баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятию сиёси занон, инчунин рушди хадамоти ҳифз ва реабилитатсия сухан рафт.
Саара-София Сирен ба сиёсати гендерии дар Ӯзбекистон татбиқшаванда баҳои баланд дод. Ӯ таъкид намуд, ки ташаббусҳои кишвар дар самти мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва таҳкими ҳуқуқи занон хеле муҳим мебошанд.
Хусусан, аҳамияти марказҳои реабилитатсия ва мутобиқсозии занон, ки дар 14 ноҳияи кишвар фаъолият доранд, зикр шуд. Ҳамчунин зарурати иштироки фаъоли институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷалби мардон ва писарон ба раванди таъмин намудани баробарии гендерӣ таъкид гардид.
Тарафҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва САҲА, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Муколамаи занони роҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии амалияҳо тавассути платформаҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд.








