Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба баррасӣ шуданд.
Қайд карда шуд, ки кишварҳои мо барои таҳияи лоиҳаҳои кооператсияи мутақобилан судманди саноатӣ дар соҳаҳои коркарди металл, электротехника, маҳсулоти кимиёвӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум тамоми имкониятҳоро доранд.
Масъалаи суръат бахшидан ба имзои Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи мусоидат ва ҳифзи сармоягузорӣ, ҳамчунин дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мувофиқа карда шуд. Ҳуҷҷат барои татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва афзоиши чандкаратаи савдои дуҷониба заминаи мустаҳкам ва шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ҷадвали баргузории чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла ташкили сафарҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ, форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти миллиро баррасӣ карданд.
Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ чораҳои минбаъда оид ба пешбурд ва татбиқи ҳамаи лоиҳаҳо ва ташаббусҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.