Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бахусус дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои инсон ва терроризм ба сатҳи нав баромадааст.
Ҳамзамон, нақши парлумон дар таъмини афзалияти ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ дар минтақа, фароҳам овардани шароити шоистаи меҳнат, мубориза бо коррупсия ва савдои инсон муҳокима гардид.
Зикр шуд, ки дар Ӯзбекистон барои муборизаи қатъӣ бо коррупсия заминаҳои қонунгузорӣ фароҳам оварда шудаанд ва ин дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Таъкид гардид, ки кишвар дар ҳалли мушкилоти савдои инсон, меҳнати иҷборӣ ва муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷбуда натиҷаҳои мусбат ба даст овардааст. Ба ин тартиб, мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингҳо ва нишондиҳандаҳои байналмилалӣ беҳтар шудааст.
Дар мулоқот, инчунин, масъалаи тақвияти ҳамкорӣ бо СММ барои расидан ба натиҷаҳои мусбат дар оянда баррасӣ гардид.
Тарафҳо мувофиқа карданд, ки ҳамкориҳоро дар самти истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо тақвият мебахшанд.