Масъалаҳои тезондани оғози лоиҳаи муштараки "Инклюзияи рақамӣ дар Ӯзбекистон" бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд

    Рақамисозӣ 4 Aprel 2022 1418

    4 апрел, вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи васеъмиқёси "Инклюзияи рақамӣ дар Ӯзбекистон" бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд. Дар доираи лоиҳа татбиқи чораҳо оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, инфрасохтори рақамӣ, IT-таълим ба нақша гирифта шудааст.

    Ба чунин самти муҳим, ба монанди ривоҷ додани хидматҳои ВРО ва КРО диққати махсус дода шуд. Тавре зикр гардид, афзоиши шуғли ҷавонон аз ҳисоби ҷалби васеи онҳо ба соҳаи ТИК ва таъсиси ҷойҳои кории баландмузд яке аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат мебошад.

    Бо дарназардошти ин, дар доираи лоиҳаи «Инклюзияи рақамӣ дар Ӯзбекистон» бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ таъсис ва таҷҳизонидани марказҳои пешниҳоди хизматрасониҳои масофавӣ (BPO-марказҳо) дар назар аст.

    Ҷонибҳо аҳамияти лоиҳаро дар чаҳорчӯби рушди рақамии Ӯзбекистон қайд намуда, омодагии худро барои сафарбар намудани тамоми қувва барои татбиқи босамари он ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ТИК изҳор доштанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates