Масъалаҳои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Афғонистон баррасӣ шуданд

    4 июли соли равон муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ҳайати Афғонистонро таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи вазири саноат ва савдо Нуриддин Азизӣ қабул кард.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рӯзномаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Афғонистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, нақлиёт ва логистика табодули афкор намуданд. Барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар ҳар як самти дар боло зикршуда тадбирҳои минбаъда мувофиқа карда шуданд.

    Дар бораи якҷоя тайёр кардани таклифҳо оид ба вусъат додани муомилоти моли дутарафа ва зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ ба воситаи ҳудудҳои ҳар ду мамлакат созиш ҳосил гардид. Инчунин, пешомаднокии кори муштарак оиди роҳандозии равобити бевосита байни доираҳои корчаллони Ӯзбекистон ва Афғонистон ба мақсади омӯзиши иқтидори барои шарикии мутақобилан судманд мавҷуда таъкид гардид.

    Дар заминаи муколама иштирокчиёни вохӯрӣ чораҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани фаромарзии афғонистонии «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар»-ро баррасӣ карданд. Ҷиҳатҳои амалии ташкили тадқиқоти саҳроӣ дар хатсайри роҳи оҳан дар нимаи дуюми моҳи июли соли ҷорӣ муҳокима карда шуданд.

    Ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои идомаи расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон дар самтҳои афзалиятнок изҳор дошт.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки равобити доимиро барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамкории Ӯзбекистону Афғонистон барқарор намоянд, хабар медиҳад котиби матбуоти вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates