Ҳисоботи роҳбарони масъул дар бораи корҳое, ки дар рафти омодагӣ ба сафар анҷом дода шудаанд, шунида шуданд. Барои тезонидани коркард ва тасдиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои нафту кимиё, истихроҷи маъдан, сохтмон, кишоварзӣ, тиб, бонку молия бо мақсади ғ мӯҳтавои рӯзномаи чорабинӣ супоришҳо дода шуданд.
Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки омодасозии маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак барои имзо бо ширкати Acwa Power суръат бахшад, бо "Dr. Sulaiman Al-Habib Medical Group" ва ширкати "Сабик" музокирот анҷом диҳад, "харитаи роҳ"-и татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо "Ал-Раджи Интернэшнл"-ро ба имзо омода кунад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои саудӣ музокирот анҷом дода шавад.
Дар маҷмӯъ, дар ҳошияи сафар имзои як қатор созишномаву меморандумҳо дар назар аст, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, рушди инноватсионӣ, нақлиёт, маориф, сайёҳӣ ва варзиш, нигахдории тандурустй ва гайра таъмин менамоянд.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дар доираи омодагии босифат ба сафари дарпешистода супоришҳои иловагӣ дода шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.