Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят, сабаби таркиш корҳои кафшергарӣ гардидааст, ки дар зарфи зеризаминии 25-тоннагии ҳудуди нуқтаи сӯзишворипуркунӣ анҷом дода шудааст.
Таркиш соати 14:36 рух дод. Барои хомӯш кардани оташ панҷ гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотбахши вазорати ҳолатҳои фавқулода ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.
Як нафар дар натиҷаи таркиш фавтидааст, нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Тафтиши пешакии ҳодиса идома дорад.