Мувофиқи Фармон, аз 1 марти соли 2022:

пардохтҳои пулии ҷубронии ҳармоҳа ба ҷои ёрдампулӣ барои пардохти хизмати манзилию коммуналӣ ба ҳамаи табақаҳои шахсони имтиёзноке, ки ба гирифтани онҳо ҳуқуқ доранд, сарфи назар аз он ки нафақа (кумакпулии иҷтимоӣ) мегиранд ё не, инчунин аз амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ таъин карда мешавад;

ба шахсони танҳо, ки ба нигоҳубини беруна эхтиёҷ доранд, ҷубронпулӣ таъин карда мешавад.

Дар баробари ин барои ҳисоб кардани нафақа ба андозаи 45 фоизи маблағи базавӣ  (130 050 сӯм) пардохти ҳармоҳаи ҷубронӣ таъин карда мешавад.

Барои шахсоне, ки баъди расидан ба синни 100 ва аз он боло нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, иловапулии ҳармоҳа – 100 фоизи маблағи базавӣ барои ҳисоб кардани нафақа (289 ҳазор сӯм) муқаррар карда мешавад.

Дар баробари ин, маблағгузории пардохтҳо аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва Фонди ғайрибуҷавии нафақа тавассути ташкилоте, ки нафақа ва кумакпулиро таъин мекунад, амалӣ гардонда мешавад, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.