Дар Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ сохтмони фабрикаи 4-уми ғанигардонии мис оғоз ёфт

    Президент Шавкат Мирзиёев 15 октябр бо фаъолияти Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ ва лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ шинос шуд.

    Ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳо натиҷаҳои хуб бахшида истодааст. Дар тӯли шаш соли охир дар комбинати Олмалиқ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 1,8 баробар, маҳаллигардонӣ - 7,7 баробар, сармоягузорӣ - 13 баробар афзуд. Дар доираи стратегияи «КМКО-2030-и рақамӣ» зиёда аз 70 лоиҳа амалӣ карда шудааст.

    Ҳоло маҷмааҳои нав сохта, иқтидорҳои мавҷуда вусъат дода мешаванд. Агар дар тӯли таърихи 75-солаи комбинат 2 корхона сохта шуда бошад, ҳоло суръати ба кор андохтани иқтидорҳои нав хеле баланд шудааст. Соли 2021 дар заминаи кони "Ёшлик-1" сохтмони фабрикаи сеюми ғанигардонии мис оғоз гардид. Ҳоло дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми ин тарҳ сохтмони фабрикаи чоруми ғанигардонии мис оғоз мешавад.

    Сарвари давлат тугмаи рамзиро пахш карда, сохтмони корхонаи навро оғоз намуд.

    Ба шарофати лоиҳаи арзишаш 5,3 миллиард доллар иқтидори истеҳсоли 146 ҳазор тонна катоди мис, 13 тонна тилло ва 73 тонна нуқра дар як сол фароҳам оварда мешавад. Истеҳсоли солона ба 1,9 миллиард доллар мерасад. Дар фабрика ва объектҳои инфрасохтори он зиёда аз 3 ҳазор кас кор хоҳад кард.

    Ба лоиҳа ширкати итолиёвии "Wood" ва бритониёии "Worley Parsons" ҷалб карда шуданд. Дар истеҳсолот истифода бурдани технологияи баланд, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарфакор пешбинӣ шудааст.

    Бояд гуфт, ки ҳоло фабрикаи 5-уми ғанигардонии миси Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ тарҳрезӣ карда мешавад.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates