Максад ва вазифаҳои Фонди дастгирии оила ва занон муайян шуданд

    Бо қарори Ҳукумат (№ 645 аз 4.11.2022) Низомнома дар бораи ташкили фаъолияти Фонди давлатии дастгирии оила ва занон тасдиқ карда шуд.

    Тибқи низомнома, ҳадафи асосии Фонд дастгирии ҳамаҷонибаи занон мебошад, аз ҷумла:

    расонидани кумаки моддӣ ба заноне, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд;

    расондани кумак дар ташкили соҳибкории оилавӣ ва хусусӣ, ҳунармандӣ;

    кумак ва ҳавасмандгардонӣ барои аз худ намудани донишу малакаҳо оид ба касбҳое, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд.

    Дастгирии молии занони оилаҳои камбизоат, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ, аз ҷумла маъюб ҳастанд, аз самтҳои умдае мебошад, ки маблағҳои Фонд барои он масраф мешавад, хабар медиҳад Вазорати адлия.

    Барои маълумот: Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 марти соли 2022, Фонди давлатии мақсадноки дастгирии бонувон ба Фонди давлатии мақсадноки дастгирии оила ва занон табдил дода шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates