Тавре қаблан хабар дода шуда буд, барои бунёди лоиҳаи «Тошканди Нав» дар ноҳияҳои Юқоричирчиқ ва Уртачирчиқи вилояти Тошканд 19,7 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад. Аз ин миқдор қариб 12,9 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ ва 6,8 ҳазор гектараш дигар категорияҳо мебошанд.
Дар ҳуҷҷат аниқ карда мешавад, ки дар ноҳияи Юқоричирчиқ — инҳо мавзеҳои Ўзбекистон, Дўстлик, Суранкент, Туркистон, Гулистон, Ийк ота, Қибрай (Нурмуҳамедов), дар ноҳияи Уртачирчиқ мавзеҳои Дўстлик, Охунбобоев, Ким Пен Хва ва заминҳои Донишкадаи шолипарварӣ хоҳанд гардид.
Гуфта мешавад, ки аз 12 ҳазору 878,6 гектар заминҳои кишоварзӣ 11 ҳазору 478,4 гектар замини обӣ ба категорияи заминҳои аҳолинишин гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи консепсияи лоиҳа дар марҳилаи аввал биноҳои истиқоматӣ барои 60 ҳазор нафар, 30 мактаб, 20 кӯдакистон, беморхонаи бисёрсоҳа ва панҷ бунгоҳи оилавӣ сохта мешаванд. Ба ин ҷо донишгоҳи “Ўзбекистони Нав”, корпусҳои нави Китобхонаи миллӣ, театр, мактабҳои бедеӣ, марказҳои савдо ва хидматгузорӣ ҷойгир карда мешаванд.
Оҳиста-оҳиста муассисаҳои давлатӣ низ ба “Тошканди Нав” мекӯчанд. Дар биноҳои онҳо меҳмонхонаҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо кушода шуда, Тошканд ба маркази замонавии сайёҳӣ ва тиҷорат табдил меёбад. Ба оғози татбиқи лоиҳаи “Тошканди Нав” 18 март дода шуд.