Поезд тавассути истгоҳи Олтинкӯли Қазоқистон ба истгоҳи Назарбек расид. Поезд, ки он 50 контейнери чилфута дар бар мегирифт, дар зарфи 12 рӯз масофаи 6250 километрро тай кард.
Контейнерҳо бо таҷҳизоти истеҳсолӣ ва борҳои ҷамъовардашуда ба поездҳои экспресс-контейнерӣ, ки аз истгоҳи Назарбек то истгоҳи Урганч ҳаракат мекунанд, дар платформаҳои фитингии ба ҶС "Ӯзбекистон темир йӯллари" мутааллиқ бор карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ин нақлиёт аввалин қатораи экспресс дар масири Назарбек - Урганч мебошад.