- иштирокдорони ҷанги солҳои 1941-1945, ки кор мекунанд;
- байналмилалчиёни ҷангчӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда;
- шахсоне, ки дар нигоҳубинашон 3 ё зиёда кӯдаки то 16-сола доранд (донишҷӯёни то 18-сола);
- иштирокчиёни рафъи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил;
- шахсоне, ки дар натиҷаи фалокати станцияи электрии атомии Чернобил аз минтақаи олудашавии радиоактивӣ эвакуация ва кучонда шудаанд, беморони гирифтори лейкемияи шадид, аденома, саратон ва варами ашаддӣ;
- шахсоне, ки дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ва касалии касбӣ қобилияти меҳнатиро муваққатан гум кардаанд.
Ба коргарони дигар маблағи зерин дода мешавад:
- ба коргароне, ки собиқаи кориашон 8 сол ва бештар аз он аст ва бачагони ятими то 21-сола - 80 фоизи музди меҳнат;
- ба кормандони дорои собиқаи корӣ то 8 сол - ба андозаи 60 фоизи музди меҳнат, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.