Дар ниҳоди сиёсати хориҷӣ қайд карданд, ки бинобар боҷҳои нав нархи маҳсулоти макаронии итолиёвӣ дар ИМА қариб ду баробар зиёд мешавад. Дар робита ба ин, Рим бо Комиссияи Аврупо ҳамкории зич пеш мебарад, то ба Вашингтон фишор оварад.
Дар навбати худ, Вазорати савдои ИМА шарҳ дод, ки ворид намудани боҷи иловагии зиддидемпингӣ ба натиҷаҳои тафтишот вобаста аст, ки нишон дод ду истеҳсолкунандаи бузурги итолиёвӣ маҳсулоти худро дар бозори амрикоӣ бо нархҳои сунъӣ поинкардашуда мефурӯхтанд. Боҷи нав нархи макарони итолиёвиро дар ИМА то 91,74% боло мебарад, хабар медиҳад gazeta.ru.









