Ҳайати Русия дар доираи ҷамъомади панҷуми Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Русия дар кишвари мо қарор дорад.
Дар оғози мулоқот Михаил Мишустин саломи самимӣ ва таманниёти накуи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба сарвари кишварамон расонд.
Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, шарикии васеъмиқёси стратегӣ ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иттифоқӣ миёни Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Ба иҷрои қарору созишҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Русия ба Ӯзбекистон рӯзҳои 26-28 майи соли ҷорӣ қабул шуда буданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Ба ин маъно, ба натиҷаҳои самарабахши ҷамъомади навбатии Комиссияи муштарак, ки дирӯз баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд.
Зарурати андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда бобати нигоҳ доштани суръати гардиши маҳсулот, дастгирӣ ва суръат бахшидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъкид гардид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки минбаъд пурзӯр намудани ҳамкориҳои амалӣ дар сатҳи минтақаҳо, идомаи табодули босуръати фарҳангию гуманитарӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаи муҳоҷират муҳим аст.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор сурат гирифт.