Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА, инчунин ҳамкориҳои гуногунҷанба баррасӣ гардиданд.
Дар оғози мулоқот узви Конгресс ба сарвари давлати мо аз номи Президенти ИМА, роҳбарияти Конгресс ва аъзои Кокус оид ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон паёми самимӣ ва таманниёти некро расонд.
Бо қаноатмандии амиқ қайд гардид, ки сатҳи ҳамкории дуҷониба ба пояи баланд расидааст. Равобити фаъоли сиёсӣ ва мубодилаи байниидоравӣ идома доранд. Дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти молӣ ва сармоягузорӣ чандин баробар афзоиш ёфта, ҳамкориҳои тиҷоратӣ тақвият меёбанд.
Дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи Вебстер ва Донишгоҳи технологии Амрико фаъолият мекунанд.
Илова бар ин, ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои нақлиёт, гумрук, муҳоҷират, фарҳанг ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудааст.
Кэрол Миллер ба натиҷаҳои татбиқи стратегияи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла навсозии иқтисод, таҳкими ниҳодҳои демократӣ, бахусус парлумон, ва таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ баҳои баланд дод.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо мақсади дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Ҳамчунин муҳимияти барқарорсозии робитаҳои шарикӣ байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва иёлатҳои Амрико таъкид гардид.
Оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистон низ мубодилаи афкор сурат гирифт.