Президенти Ӯзбекистон татбиқи лоиҳаҳои баландтехнологии «Air Products»-ро дастгирӣ кард

    Ҳукумат 26 May 2023 4226

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 май директори иҷроияи ширкати “Air Products” Сейфӣ Гасемиро ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ бо ширкати бонуфузи амрикоӣ, ки дар соҳаи худ пешсаф аст, ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои баландтехнологӣ дар бахшҳои стратегии иқтисодиёти Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Раҳбари давлати мо роҳбари ширкатро бо анҷоми бомуваффақияти муомилот ва имзои созишнома дар бораи аз корхонаи “GTL” дар Қашқадарё харидорӣ намудани се дастгоҳи гази саноатӣ бо ҷалби сармояҳои бевосита дар ҳаҷми 1 миллиард доллар табрик намуд.

    Инчунин иштироки ширкати «Air Products» дар дигар лоиҳаи бузург - сохтмони маҷмааи газу кимиёвӣ бо истифода аз технологияи MTO дар вилояти Бухоро бо сармояҳо дар ҳаҷми на камтар аз 700 миллион доллар таъкид гардид.

    Дар кишвари мо ба лоиҳаҳои истиқболи рушди водороди «сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки шарики дигари калидӣ ширкати саудии “ACWA Power” мебошад.

    Аҳамияти омода намудани мутахассисони баландихтисос дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда алоҳида зикр гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates