Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Озарбойҷон меравад

    Ҳукумат 22 Noyabr 2023 3535

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 23-24 ноябр ба ин кишвар бо боздиди корӣ ташриф меорад.

    Сарвари давлати мо дар нахустин нишасти Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар Боку ширкат хоҳад кард.

    Аз рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Барнома, таъсиси Фонди мақсаднок барои дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ, қабули «харитаи роҳ» оид ба рақамикунонии долонҳои нақлиётӣ, пешбурди ташаббусҳои соҳибкорӣ ва масъалаҳои дигар ҷой гирифтаанд.

    Қобили зикр аст, ки Барномаи СПЕКА 26 марти соли 1998 тибқи Эъломияи Тошканд бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Давлатҳои ширкаткунанда Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд.

    Дар ин рӯзҳо дар Боку як қатор чорабиниҳои тиҷоратии СПЕКА, аз ҷумла форуми иқтисодӣ ва намоишгоҳи иқтидори саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешаванд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates