Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад

    Ҳукумат 30 Mart 2025 3364

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 31 март бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд меравад.

    Тибқи барномаи сафар, баргузор кардани мулоқоти муштараки сарварони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин гуфтушунидҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст.

    Ба рӯзномаи мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо шомил шудаанд.

    Дар поёни чорабинӣ ба имзо расонидани Созишнома оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

    Сарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти муштараки устодони санъат иштирок хоҳанд кард.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates