Президенти  Ўзбекистон ҳайати ИМА-ро пазируфт

    Ҳукумат 4 Oktabr 2021 2558

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 октябр ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳти сарварии муовини аввали Котиби Генералӣ Уэнди Шерман пазируфт.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи шарикии стратегии Ўзбекистону Амрико баррасӣ гардиданд.

    Уэнди Шерман ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманниёти беҳтарини Президенти ИМА Ҷозеф Байден, ноиби президенти мамлакат Камала Харрис ва Котиби давлатӣ Энтони Блинкенро расонд.

    Аз ҷониби Амрико қатъӣ дастгирӣ шудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, яклухтии ҳудудии мамлакатамон, инчунин барномаҳои дигаргунсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар Ӯзбекистон нав алоҳида қайд гардид.

    Ҷонибҳо рушди муназзами ҳамкории бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва ИМА-ро дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

    Аҳамияти бодиққат омода кардани рӯзномаи ҷаласаи якуми Муколамаи шарикии стратегии байни кишварҳо, ки то охири соли равон дар Вашингтон баргузор мешавад, таъкид гардид.

    Таваҷҷӯҳ ба густариши ҳамкориҳои амалӣ оид ба чунин самтҳои афзалиятнок ба мисли сиёсат ва амният, тиҷорат, сармоягузорӣ ва инноватсия, кишоварзӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, мубодилаи башардӯстона зоҳир карда шуд.

    Ба ҷониби Амрико барои кӯмак дар мубориза бар зидди пандемия, аз ҷумла интиқоли ваксинаҳо ба кишвари мо дар чаҳорчӯби барномаи ҷории ҷаҳонӣ изҳори сипос карда шуд.

    Ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи формати Муколама ва Шӯрои Созишномаи тиҷоратию сармоягузории ИМА ва Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    Мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон низ сурат гирифт. Ба саъю кӯшиши Ӯзбекистон оид ба расондани кӯмак ба халқи афғон ва пеш бурдани лоиҳаҳо, ки ба барқароркунии сулҳи дарозмуҳлат ва эҳёи иқтисодии мамлакати ҳамсоя хидмат мекунад, баҳои баланд дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates