Президенти Ӯзбекистон бо конгрессменҳои амрикоӣ роҳҳои васеъ гардондани ҳамкории амалиро баррасӣ намуд

    Ҳукумат 6 Oktabr 2021 3608

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 октябр ҳайати Палатаи намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар таркиби конгрессменҳо Дон Бэйкон, Дуг  Ламборн, Трой Нелс ва Август Пфлугерд пазируфт.  

    Ҳайати амрикоӣ дар чаҳорчӯби созишномаҳо оид ба амиқсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ ба кишвари мо ташриф овардааст.

    Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар баррасӣ шуд.

    Сарвари давлатамон ба алоқаҳои фаъол ва мубодилаҳои самарабахш дар дараҷаи парлумонҳо, саҳми бузурги онҳо дар рушди муназами муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико баҳои баланд дод.

    Нуфузи фаъолияти Кокус оид ба Ӯзбекистон - гурӯҳи парлумонӣ оид ба таҳкими дӯстӣ ва пеш бурдани муколамаи созанда, ки дар Конгресси ИМА таъсис ёфтааст, баланд гардида, густариш меёбад. Дар ҳоли ҳозир, Кокус як қатор лоиҳаҳои муҳимро, ки ба дастгирии ҳамкории гуногунҷанба ва ислоҳоти кишвари мо нигаронида шудаанд, оғоз кардааст.

    Конгрессменҳо махсусан қайд карданд, ки татбиқи стратегияи тағйирот дар Ӯзбекистони Нав омили муҳими пешрафти устувори кишвар аст ва аллакай ба афзоиши назарраси нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кардааст.

    Ҳамчунин барои дастгирии амалиёти башардӯстона дар Афғонистон изҳори миннатдории самимӣ карда шуд.

    Дар рафти сӯҳбат лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ ҳам дар хатти парлумон ва ҳам бо иёлотҳои пешбари Небраска, Колорадо ва Техас, ки аъзои ҳайати амрикоиро намояндагӣ мекунанд, баррасӣ шуданд.

    Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияи саноатӣ, IT, кишоварзӣ, энергияи “сабз”, тандурустӣ ва маориф таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    Дар натиҷаи мулоқот дар бораи омодасозии "харитаи роҳ"-и муштарак ва ташкили сафари мутақобилаи намояндагиҳои тиҷоратӣ созиш ҳосил шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates