Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои AD Ports Group Муҳаммад Ҷума ал-Шамисӣ, Tadweer Али ал-Доҳирӣ, Plenary Group Мустафо Фахур ва DUCAB Муҳаммад Абдул Раҳмон ал-Мутова иштирок намуданд.
Ин ширкатҳо аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаҳои худ бо дороиҳои умумии зиёда аз 200 миллиард доллар мебошанд.
Имкониятҳои васеъ намудани ҳамкориҳои амалӣ ва афзоиши портфели сармоягузорӣ дар соҳаҳои технологияи олӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандии зиёд қайд гардид, ки шарикӣ бо АМА дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт босуръат рушд мекунад. Чораҳои муштарак барои пешбурди сармоягузорӣ, рушди саноат ва технологияҳои пешрафта андешида мешаванд.
Қадамҳои минбаъда барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҳар як ширкат муайян шуданд. Сухан дар бораи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, шаҳрсозӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, саноати кӯҳӣ, электротехника, хоҷагии коммуналӣ ва дигар соҳаҳо меравад.
Созишномаҳо дар бораи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои навоварона, истифодабарии конҳои металҳои нодир, рушди роҳҳои оҳани минтақавӣ ва таъсиси «бандарҳои хушк», истеҳсоли маҳсулоти кабелӣ, пешбурди лоиҳаҳои ШДХ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ба даст омаданд.
Дар анҷоми мулоқот қабули «харитаи роҳ» оид ба тамоми самтҳои ҳамкориҳои амалии дуҷониба мувофиқа карда шуд.












