Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои сессияи 80-уми Маҷмааи умумии СММ иштирок мекунад

    Сиёсат 19 Sentabr 2025 3776

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20-24 сентябр барои иштирок дар чорабиниҳои сессияи 80-уми ҷашнии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк меравад.

    Сарвари давлат дар рӯзи нахустини музокироти умумии сессияи муштараки Маҷмааи умумии СММ суханронӣ менамояд.

    Бояд гуфт, ки дар сессияи ҷашнии имсолаи Маҷмааи умумӣ масъалаҳои муҳими таъмини амният ва суботи глобалӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ислоҳи сохтори СММ ва низоми молиявии байналмилалӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мубориза алайҳи дигар хатарҳои муосир баррасӣ хоҳанд шуд.

    Пешвои Ӯзбекистон дар доираи ҳамоиш бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, роҳбарони давлат ва ҳукуматҳои хориҷӣ, институтҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ музокирот анҷом хоҳад дод.

    Дар бахши тиҷоратии барномаи сафар вохӯрӣ ва чорабиниҳо бо иштироки ширкатҳо ва ниҳодҳои молиявӣ-сармоягузории пешбари ИМА ҷой гирифтааст. Имзои бастаи нави қарордод ва созишномаҳо дар назар аст.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates