Президенти Ўзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаро бо институтҳои СММ таъкид намуд

    Ҳукумат 18 Avgust 2023 4381

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 август ҳайати Созмони Милали Муттаҳидро таҳти ёвари Котиби генералии ин сохтори бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳомез Мирослав Енча ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъд

    аи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо институтҳо ва марказҳои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи татбиқи Ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор баррасӣ шуданд.

    Дар оғози мулоқот намояндаи олӣ Мирослав Енча ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Дабири кулли созмон Антониу Гутерришро расонд. Таъкид гардид, ки сохторҳои СММ омодаанд, ки минбаъд низ барномаи ислоҳоти бебозгашти бунёди Ӯзбекистони навро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.

    Бояд гуфт, ки солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишвари мо ва СММ ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст. Кариб 140 программаю лоиҳа якҷоя амалӣ мегардад. Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон 6 қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд. Ўзбекистон дар фаъолияти Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон, комисияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Кумитаи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангӣ ва сохторҳои дигари зиёд фаъолона иштирок менамояд.

    Танҳо дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар кишвари мо баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Конфронси ФАО оид ба амнияти озуқаворӣ ва иҷлосияи 25-умин солгарди Ассамблеяи Генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои амалӣ оид ба татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор баррасӣ шуд.

    Ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ ва таҳкими нақши Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates