Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳимияти рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Эронро таъкид кард

    Ҳукумат 24 Yanvar 2023 3345

    24 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Ҳусайн Амир Абдуллаҳиён, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар кишварамон қарор дорад, қабул кард.

    Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сарвари давлатамон саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои беҳтарини Президенти Эрон Иброҳим Раисиро расонд.

    Таъкид гардид, ки созишномаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар рафти сафари расмии Президенти Эрон ба Ӯзбекистон бадастомада, барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрнақшаи ду кишвар асоси мустаҳкам гузошт.

    Роҳбари Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ фаъол гардидани равобит, афзоиши пайвастаи тиҷорати тарафайн ва таҳкими кооператсияи корхонаҳои пешбарро қайд кард.

    Ба масъалаҳои пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла истифодаи самарабахши бандаргоҳҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

    Инчунин ҷадвали чорабиниҳои пешистода баррасӣ гардида, оид ба мавзӯи мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates