Дар оғози мулоқот меҳмони олӣ паёми гарм ва беҳтарин таманниёти Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макронро ба Сардори давлати мо расонд.

Дар суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Фаронса, пеш аз ҳама дар соҳаи нақлиёту логистика, дар заминаи тавофуқоте, ки дар ҷараёни сафари таърихии сатҳи баланд ба Париж дар моҳи марти соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.

Ба густариши ҳамкории тарафайн дар соҳаи ҳавопаймоии шаҳрванӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи нақлиёт, аз ҷумла дар асоси Донишгоҳи ӯзбекистониву фаронсавӣ, ки чанде пеш таъсис ёфтааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.