Президенти Ӯзбекистон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба иштирок кард

    Ҳукумат 9 May 2023 7922

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари корӣ дар Маскав бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кард.

    Саҳми мардуми Ӯзбекистон дар Ғалабаи бузург калон аст. Дар соли 1941 аҳолии ҷумҳурии моро зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор нафар ташкил медод. Дар солхои ҷанг кариб 2 миллион нафар ҳамватанони мо ба фронт фиристода шуданд. Зиёда аз 500 ҳазор нафар одамони ба мо азиз, қаҳрамонони асил дар муҳорибаҳои шадид ҳалок гардиданд, ҳазорҳо нафари дигар маъюб ба Ватан баргаштанд.

    Халқи мо шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, ба фронт беист ба миқдори зиёд озуқаворӣ, сару либос, яроқу дорувор интиқол медод. Қариб 170 заводу фабрика ба Ӯзбекистон кӯчонда, зуд аз нав ба кор андохта шуданд.

    Ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар пиронсолон, занон ва бачагони аз ҷанг зарардидаро қабул кард. Дар байни онҳо беш аз 200 ҳазор ятим буданд.

    Дар кишварамон ба абадӣ гардондани корнамоии аҷдоди мо, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда, дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, таваҷҷуҳи ҷудогона дода мешавад. Иштирокчиён ва ногироҳои ҷанг ҳар сол ҳавасманд карда шуда, ба ғамхорӣ зоҳир намудан ба саломатии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар шаҳри Тошканд Боғи боҳашамати Ғалаба бо ёдгории «Мадҳияи матонат» ва Осорхонаи шӯҳрат кушода шуд.

    Дар Майдони сурх паради Ғалаба барпо гардид. Дар он ҳамчунин Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат доштанд.

    Дар анҷоми парад Сарвари давлатамон ҳамроҳ бо роҳбарони кишварҳои дигар дар боғи Александровский ба пояи Мақбараи “Сарбози номаълум” гулчанбар гузошта, хотираи сарбозон, аз ҷумла фарзандони Ӯзбекистонро, ки ҳаёти худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Ватан бахшидаанд, пос дошт.

    Бо ҳамин сафари корӣ ба Русия анҷом ёфт. Дар фурудгоҳ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Сарвари давлатамон ба Тошканд рафт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates