Ин ширкат яке аз пешсафони Покистон дар истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад.

Нақшаҳои ширкат оид ба таъсиси агрокластер бо давраи пурраи коркарди маҳсулоти чорводорӣ дар минтақаҳои кишвари мо дастгирӣ гардиданд.

 

***

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Исломобод бо асосгузори ширкати «Gohar Textile» Гоуҳар Мустафо мулоқот анҷом дод.

Ширкат ба коркарди нахи пахта ихтисос ёфта, дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии маишӣ таҷрибаи бой дорад.

Дар рафти мулоқот дурнамои роҳандозии истеҳсоли муштараки маҳсулоти нассоҷӣ дар мамлакат ва интегратсия намудани корхонаҳои Ӯзбекистон ба занҷираҳои байналмилалии таъминот баррасӣ гардид.

 

***

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар идомаи чорабиниҳои корӣ дар доираи сафари давлатӣ ба Покистон бо раиси ширкати «Engro Group» Аҳсан Зафар Сайид мулоқот гузаронд.

Ширкат дар таъмини амнияти энергетикии Покистон саҳми назаррас дошта, дар соҳаҳои энергетика, нафту кимиё ва кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти мо иштироки ширкатро дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кимиё ҷонибдорӣ намуд. Ҳамчунин, барои шарикӣ дар рушди чорводорӣ ва таъмини маҳсулоти чорво мавҷуд будани иқтидори бузург таъкид гардид.