Президент ба мақбараи Ҳайдар Алиев гулчанбар гузошта, хотираи ин сиёсатмадори бузург ва арбоби давлатии Озарбойҷонро пос дошт.
Ҳайдар Алиев ба таври ҳаққ ҳамчун асосгузори Озарбойҷони мустақил эътироф мешавад. Зери роҳбарии ӯ барои рушди босуръати кишвар ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии он заминаи боэътимод гузошта шуд.
Саҳми ӯ дар сохтмони давлат ва таҳкими истиқлолияти миллӣ ҷойгоҳи махсусе дар таърихи Озарбойҷон дорад.
Дар Ӯзбекистон Ҳайдар Алиев ҳамчун арбоби давлатие, ки ба густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни ду кишвари бародар аҳамияти калон медод, эҳтироми зиёд ва эътирофи васеъ пайдо кардааст.