Президенти Ўзбекистон бо Спикери парлумони Ҷумҳурии Куриё вохӯрд

    Ҳукумат 17 Dekabr 2021 4523

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 декабр дар Сеул бо Спикери Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Куриё Пак Бён Сок мулоқот анҷом дод.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо густариши ҳамаҷонибаи шарикии махсуси стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриёро, ки дар доираи сафари кунунии Президенти Ӯзбекистон ба он такони нави пурқувват бахшида шудааст, бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ муколама ва робитаҳои судманди сиёсӣ фаъолона идома доранд.

    "Гуруҳҳои дӯстӣ»-и байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистону Куриё нақши муҳим доранд. Моҳи июни соли ҷорӣ вохӯрии онлайни онҳо баргузор гардид. Мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаҳои гендерӣ, маориф ва рушди минтақавӣ идома дорад.

    Дар рафти вохӯрӣ оид ба фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Куриё мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт.

    Спикери Ассамблеяи Миллӣ омодагии ҷониби Куриёро барои густариши табодули таҷриба, аз ҷумла мусоидат дар татбиқи механизмҳои парлумони электронӣ дар Ӯзбекистон изҳор дошт.

    Вакилони порлумони Куриё ширкати худро дар ҳамоиши занони порлумони ҷаҳон, ки соли оянда дар Тошканд баргузор мешавад, собит карданд.

    Ташаббуси роҳандозии механизмҳои нави институтсионалии пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак низ дастгирӣ ёфт.

    Саъйи тарафайн ҷиҳати идомаи муколамаи наздик дар доираи Форуми ҳамкории «Ҷумҳурии Куриё – Осиёи Марказӣ» тасдиқ гардид.

    Пак Бён Сок қайд кард, ки чорабиниҳои оид ба васеъ таҷлил намудани санаҳои таърихӣ – 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва 85-солагии будубоши корейсҳо дар Ӯзбекистон дар соли 2022 дарпешистода – ба минбаъд мустаҳкам кардани дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни халқҳои мо хидмат хоҳанд кард.

    Ҷонибҳо аҳамияти ба роҳ мондани назорати муассири парлумониро бар иҷрои созишҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда таъкид карданд. Намояндагони порлумонҳои ду кишвар итминон доданд, ки барои ин тамоми талош ва имконот ба харҷ дода мешавад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates