Президенти Ўзбекистон ба мактаби ба номи Ли Куан Ю ташриф оварда, бо доираҳои соҳибкории Сингапур мулоқот кард

    Ҳукумат 17 Yanvar 2023 9149

    Дар нимаи дуюми 17 январ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Мактаби сиёсати давлатии ба номи Ли Куан Ю-и назди Донишгоҳи миллии Сингапур – яке аз пешқадамтарин муассисаҳои таълими олии ҷаҳон боздид намуд.

    Мактаб ба ифтихори собиқ Сарвазир – ислоҳотгари Сингапур ва меъмори «мӯъҷизаи иқтисодӣ»-и Сингапур, ки ба тарбияи кадрҳо бинобар барномаҳои магистрӣ аз рӯи муносиботи байналхалқӣ ва сиёсати давлатӣ ва ҳамчунин ба тадқиқотҳои илмӣ ва сиёсӣ ихтисос ёфтааст, номгузорӣ шудааст.

    Ҳоло чандин сол аст, ки мактаб дар рейтинги муассисаҳои таълими олии ҷаҳон аз сатрҳои аввал ҷой мегирад. Дар ин ҷо барномаҳои кутоҳмуддати таълими шахсони рутбаи баланди мамлакатҳои хориҷӣ ташкил карда мешавад.

    Тавре ки маълум аст, дар дарёфти муваффақиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Сингапур сиёсати хуб андешидашудаи кадрӣ, эътибори муҳим барои тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳибихтисос, соҳиби салоҳият ва поквиҷдон нақши муҳим бозид. Ба ин масъала аз аввали фаъолияти худ пешвои мамлакатамон эътибори алоҳида медиҳад. Ба ин мазмун омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи Сингапур дар соҳаи тарбияи хидматчиёни давлатӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

    Роҳбари давлат бо фаъолияти мактаб батафсил шинос шуда, инчунин бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ истиқболи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард.

    Дар ҳузури Президенти Ӯзбекистон маросими имзои Шартнома дар бораи ҳамкории байни Академияи идораи давлатии Ӯзбекистон ва Мактаби сиёсати давлатии ба номи Ли Куан Ю ба вуқӯъ пайваст.

    Пас аз он Президент бо роҳбарони ширкатҳои пешқадам ва сохторҳои молиявии Сингапур мулоқот барпо кард.

    Дар чорабинӣ вазири савдо ва саноати Сингапур Ленг Си Танг, раиси Федератсияи тиҶорати Сингапур Минг Ян Лим, роҳбарони 15 ширкати маъруф, мисли «Indorama», «Meinhardt group», «CPG Corporation», «Changi Airports», Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, «TMC Academy», «Virtus Health» ва ғайра ширкат намуданд.

    Иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, Президент Шавкат Мирзиёев ба он таваҷҷуҳ нигаронд, ки ташриф ба Сингапур сафари аввалини ӯ ба хориҷа дар соли 2023 мебошад, ки ин аз эътибори фавқулоддаи Ӯзбекистонба барқарор намудани муносибати мустаҳкам ва муфиди тарафайн бо Сингапур гувоҳӣ медиҳад.

    Таъкид шуд, ки ба туфайли татбиқи ислоҳоти низомнок дар Ӯзбекистон вориди сармоя то дараҷае, ки аз 30 фоизи ММД зиёд аст, афзуд. Танҳо дар соли 2022 ба иқтисодиёт 8 миллиард доллар сармояи бевоситаи хориҷӣ ҷалб гаштааст.

    Ҷамъбасти бизнес-форуми Ӯзбекистону Сингапур, ки баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар доираи он шартномаҳои нави сармоягузорӣ, савдо ва молиявӣ ба миқдори қариб 5 миллиард доллар ба имзо расид.

    – Ин гувоҳи фаъолнокии назарраси ҳамкориамон, тавфиқи равшани он ва сарпур намудани муносибати байни Ӯзбекистону Сингапур бо муҳтавои амалӣ ва сифатӣ ба шумор меравад, – таъкид кард Президенти мамлакат.

    Аммо зарфияти шарикӣ ҳанӯз ба ҳадди худ нарасидааст. Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, мамлакатҳоямон метавонанд ҳамкории дуҷонибаро ба таври назаррас васеъ намоянд.

    – Барои мо таҷрибаи пешқадами ширкатҳои Сингапур мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор дорад, – гуфт роҳбари давлатамон. – Боварӣ дорам, ки синергияи инноватсия ва технологияи шарикони Сингапур бо зарфияти захиравӣ ва кадрҳои Ӯзбекистон рушди мунтазами лоиҳаҳои ояндаи муштаракро таъмин менамояд.

    Пешвои Ӯзбекистон барои ҳамкории дарозмуддат ва муфиди тарафайн самтҳои ҳарчи истиқболнокро муайян намуд, ки иштироки ширкатҳои Сингапур дар ҷараёни хусусигардонӣ дар Ӯзбекистон, рушди инфрасохтори шаҳр ва нақлиёт, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кимиё ва бофандагӣ, иқтисодиёти «сабз», таълим, тандурустӣ ва ғайра шомили онанд.

    Омодагии ҷониби Ӯзбекистон барои таъмини соҳибкорони Сингапур бо инфрасохтори ногузири истеҳсолӣ, дастгирии васеъ дар намуди имтиёзот ва хариди бозамонат ва ҳамчунин пешниҳод намудани дигар чораҳои ҳамдастӣ иброз гардид.

    Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳоле ки ислоҳоти ҷории Ӯзбекистон ба он нигаронда шудааст, ки кишвари мо бо шарикони хориҷӣ бо эътимоду субот робита дошта бошад, аз соҳибкорони Сингапур даъват намуд, ки аз имконоти фароҳамомада барои ҳамкории муфиди тарафайн истифода намоянд ва ба иқтисодиёти мамлакатамон фаъолона сармоя гузоранд.

    Дар бораи нақшаҳо бинобар васеъ намудани шарикӣ муфассал табодули афкор ба вуқӯъ пайваст. Дар баромадҳои худ намояндагони тиҷорати Сингапур ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, олӣ арзёбӣ намуданд. Доир ба нақшаҳояшон бобати татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар мамлакатамон маълумот доданд.

    Бо ҳар як узви ҳайати тиҷоратӣ суҳбат намуда, роҳбари давлатамон аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки аз мамлакатамон боздид намуда, шахсан бо муҳити фароҳамовардаи мусоиди сармоягузорӣ шинос гарданд.

    Дар поёни мулоқот ба роҳбарони масъули ҷониби Ӯзбекистон таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ бо дохил намудан ба он тамоми лоиҳаҳои зикргардида ва нишон додани механизмҳои ҳалқавӣ, муддатҳои мушаххас ва иҷрогарон супурда шуд.

    Бо ҳамин ташрифи давлатии босамари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Сингапур ба поён расид.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates