баннер
22 Mar 2025
13:05

    Президенти Ӯзбекистон бо мушовир Сума Чакрабарти мулоқот анҷом дод

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 март мушовири масоили рушди иқтисодӣ, идоракунии самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

    Самтҳои асосии фаъолияти мушовир дар соли ҷорӣ баррасӣ шуданд.

    Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи иқтидори сармоягузории кишвар дар арсаи байналмилалӣ, андешидани чораҳои амалӣ барои анҷом додани раванди узвияти Ӯзбекистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, инчунин такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои пешрафтаи таълимии хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Зарурати дар сатҳи баланд баргузор намудани «роуд-шоу»-ҳои марбут ба иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон, инчунин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва муассисаҳои молиявӣ таъкид гардид.

    Дар мулоқот масъалаҳои амалӣ оид ба таъсиси Суди байналмилалии тиҷоратии Тошканд дар назди Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ, чораҳои аввалиндараҷа оид ба таҳкими мавқеи кишвар дар раддабандии байналмилалӣ ва гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи рушди иқтисодии кишвар баррасӣ шуданд.

    Our Telegram
    Text to speech