Дар аэропорти “Малпенсе” меҳмони олиро роҳбарони минтақаи Ломбардия пешвоз гирифтанд.
Фардо сарвари давлатамон бо губернатори минтақа мулоқот анҷом дода, бо роҳбарони ширкату созмонҳои бонуфузи Италия суҳбати "мизи мудаввар" баргузор мекунад.
Боздид аз бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии мошинсозии нассоҷӣ «ITMA 2023» ба нақша гирифта шудааст.