Президенти Ӯзбекистон бинобар минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои минтақавӣ ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт

    Ҳукумат 19 May 2023 6578

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 май дар ҳамоиши якуми «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шаҳри Сиан иштирок кард.

    Дар кори чорабинӣ, ки таҳти роҳбарии Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин гузашт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов низ ширкат ҷустанд.

    Мувофиқи рӯзномаи ҷамъомад масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, мушкилоти рӯзмарраи байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ қайд намуд, ки дар Сиани куҳан баргузор шудани ҳамоиш басо рамзист, зеро ин шаҳр тӯли асрҳои зиёд нуқтаи муҳими Шоҳроҳи абрешим буд, он омили муҳими пешрафти тамаддун, алоқамандии тарафайн ва рушд дар тамоми қитъаи Авруосиё мебошад. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби вазъияти байналхалқӣ мулоқоти ҳолоина аҳамияти махсус касб менамояд.

    – Кишварҳои мо санҷиши пандемияро пушти сар намуда, бо оқибатҳои нохуши буҳрони ҷаҳонии эътимод рӯ ба рӯ шуданд.

    Ҷиддан халалдор шудани занҷири устувори нақлиётию логистикӣ, ки барои Осиёи Марказӣ ба хусус эҳсосшаванда буданд, таҳдидҳои хатари озуқаворӣ ва энергетикӣ, хавфи шадиди иҷтимоӣ бар асари афзудани муфлисии воридот ва мушкилоти дигар аз мо ҳамкориҳои тарафайни беш аз пеш ҳамоҳанг ва амалиро тақозо менамоянд, – гуфт роҳбари давлати мо.

    Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки алҳол Осиёи Марказӣ – ин минтақаи ҳамҷиҳат ва нирӯманд, барои мулоқот ва шарикии васеъмиқёс кушод мебошад.

    Ба мақсади ҳамгироии қарин ва ҳамкориҳои амалии тарафайни беш аз пеш Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳои муҳим бинобар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар пояи дарозмуҳлат, нақша ва вазифаҳои пешомадноки ҳамкориҳои бисёрҷанбаро пеш гузошт.

    Зарурияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайни байни марказҳои пешқадами «ақлӣ»-и шаш мамлакат барои коркарди муносибатҳои стратегӣ, тавсия ва қарорҳои маҷмӯӣ, лоиҳаҳои «гардишнок»-и миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид шуд. Соли оянда дар шаҳри Самарқанд ба сифати платформаи мубоҳисавӣ гузаронидани аввалин Конфронси байналхалқии коршиносон оид ба масъалаҳои қаробати рушди стратегияҳои миллӣ пешниҳод гардид.

    Президенти мамлакати мо ба масъалаҳои ташаккул додани шароит барои рушди устувори кишварҳои минтақа, ки дар он ба муборизаи самарабахш бо нодорӣ мақоми асосӣ дода мешавад, махсус таваққуф намуд.

    – Муътақидам, ки қабул кардан ва татбиқ шудани барномаи муштарак бо вазифаҳои мушаххаси баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт ва инкишофи ҳудудҳо, пеш аз ҳама ноҳияҳои деҳотӣ, аз ҷониби халқҳои мо дастгирӣ мешаванд ва бобати муваффақ шудан ба Ҳадафҳои Рӯзномаи то соли 2030-юм саҳми умумӣ мегарданд, – гуфт сарвари Ӯзбекистон.

    Роҳбари давлати мо ташаккули минбаъдаи Мулоқоти нави иқтисодӣ ва таҳкими алоқамандии тарафайн, муваффақ шудан ба афзоиши дукаратаи мубодилаи моли кишварҳои минтақаро бо Чин то соли 2030-юм ҷонибдорӣ намуд.

    Пешниҳод гардид, ки вазифаи мазкур аз ҳисоби эътидоли рушди боркашонии тарафайни молҳои саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, созмон додани инфрасохтори самарабахши тиҷоративу логистикӣ ва шабакаҳои замонавии тақсимкунии умумӣ, ҷорӣ кардани низомҳои «сабз» ва гузаргоҳҳои зудамал, платформаҳои умумии тиҷорати электронӣ таъмин карда шавад.

    Барои ташаккул додани шароити мусоиди доиравӣ ва пойгоҳҳои ҳуқуқӣ пешниҳод шуд, ки имконияти қабул намудани Муоҳидаи бисёрҷониба дар бораи ёрии тарафайн ва рағбатноксозии сармояҳо баррасӣ шаванд.

    Президент ба он чиз эътибори ҳозиринро ҷалб намуд, ки масъалаҳои амиқсозии кооператсияи саноатӣ, ҷалби технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо метавонанд дар доираи алоқаҳои бевоситаи байниминтақавӣ бо ҳудудҳои Чин самарабахш ҳаллу фасл шаванд.

    Пешниҳод шуд, ки соли равон дар Ӯзбекистон Анҷуман ва намоишгоҳи шаҳрҳову минтақаҳои шаш мамлакат барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалӣ, таҳкими муносибатҳои бародарона ва шарикӣ гузаронида шавад.

    – Инкишоф додани гузаргоҳҳои бехавф ва кӯтоҳтарини нақлиётӣ, ки Чинро бо минтақаҳои мо мепайвандад ва барои баромадан ба Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти стратегӣ доранд, муҳим аст. Шоҳроҳи Транс-Авруосиё, ки ҷузви муҳими он роҳи автомобилгард ва роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон ба шумор меравад, лоиҳаи бартариноки эҳёи «Шоҳроҳи абрешим» аст, – изҳор дошт сарвари мамлакати мо.

    Таъмин сохтани қаробати барномаҳои миллии рушди коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва дар асоси он кор карда баромадани Стратегияи ягонаи дарозмуҳлат ба сифати вазифаи аввалиндараҷа муайян гардид.

    Пешниҳод шуд, ки ба масъалаҳои ҳамкорӣ бинобар рӯзномаи иқлим ва энергетикаи «сабз» эътибори махсус дода шавад.

    – Мутаассифона, суръати рушди инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ аз суръати саноатикунонӣ ва шаҳршавӣ, ҳамчунин рушди демографӣ қафо мемонад. Алҳол воқеан ин таҳдиди хеле ҷиддӣ ба рушди дарозмуҳлати устувори мамлакатҳои мо мебошад, – таъкид кард роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

    Бо дарназардошти пешоҳангии технологии Чин дар соҳаи неруи офтобӣ, бодӣ ва гидроэнергетикӣ, ҳамчунин воситаҳои дарамали молиявӣ пешниҳод гардид, ки шарикии беш аз пеши илмиву амалӣ дар соҳаи энергетикаи муқобил ба роҳ монда шавад.

    Ғайр аз ин, бобати ҳаллу фасли мушкилоти экологии Наздиарал, ҳифзи гуногунрангии биологӣ, пиряхҳо ва хок, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об омода будани ҷонибҳо ба ҳамкориҳои пурмаҳсул таъкид шуд.

    Президенти Ӯзбекистон ба дараҷаи кунунии мулоқоти минтақавӣ бинобар масъалаҳои эътидол ва амният баҳои баланд дод, дар ин бобат ташаббуси ҷаҳонии Чинро, ки ба равандҳои алоқамандии бехатарӣ ва рушди осоишта мувофиқи Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид такя мекунад, дастгирӣ намуд.

    – Мо ҳамаҷониба истифода намудани платформаи мулоқоти Гурӯҳи қарордодиро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои коркарди мавқеи мувофиқ ва андешидани чораҳо бинобар роҳ надодан ба фоҷиаи гуманитарӣ дар ин мамлакат муҳим мешуморем, – таъкид кард сарвари Ӯзбекистон.

    Аҳамияти идома додани мунтазам баргузор намудани мубодила, намоишгоҳ, консерт ва сафарҳои инсонпарварона, чорабиниҳои муштараки варзишӣ бо ҷалби васеи ҷавонон зикр шуд. Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки соли оянда муштаракона Анҷумани соҳибистеъдодҳои ҷавон гузаронида шавад.

    Дар хулоса роҳбари давлати мо таъкид кард, ки кишварҳои мо шарикони стратегӣ ва дӯстони муътамад ба шумор мераванд.

    – Имрӯз ҳам, дар шароити пурзӯр гардидани зиддиятҳо ва мураккаб шудани муносибатҳои байналхалқӣ мо якдигарро дастгирӣ мекунем ва ҳамҷиҳатона барои халқҳоямон ояндаи шукуфонро бунёд менамоем, – гуфт Президент.

    Вобаста ба ин ташаббуси ҷониби Чин дар бораи мунтазам баргузор намудани мулоқот барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дастгирӣ карда шуд.

    Бо эътимод таъкид гардид, ки натиҷаҳои пурмаҳсули ҳамоиши кунунӣ ба таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба, пешрафти кишвар ва халқҳои мо мусоидат хоҳад кард.

    Бинобар анҷоми ҷамъомад роҳбарони давлатҳо Баённомаи ҳамоиши Сиан «Осиёи Марказӣ – Чин»-ро имзо ва конфронси муштараки матбуотӣ баргузор намуданд.

    Дар интиҳои ҳамоиш маросими ниҳолшинонии роҳбарон ҳамчун нишони дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва умумияти саъю кӯшишҳои кишварҳои мо ба пешрафт ва шукуфоӣ ба вуқӯъ пайваст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates