Сарвари давлатамон ҳамкориҳои судмандро бо Маркази минтақавӣ ва дигар сохторҳои СММ дар масъалаҳои рушди муколамаи созанда ва ҳамкории гуногунҷанба дар Осиёи Марказӣ бо қаноатмандии хоса қайд кард.
Таъкид гардид, ки дар тӯли якчанд соли охир бо ташаббуси кишварамон ва дастгирии тамоми ҷомеаи байналмилалӣ чор резолютсияи Ассамблеяи генералӣ оид ба самтҳои муҳимтарини шарикӣ дар минтақа қабул гардид.
Бо иштироки бевоситаи марказ дар Ӯзбекистон як қатор форуму мулоқотҳои бузурги байналмилалӣ баргузор гардиданд. Илова бар ин платформаи Муколамаи занони пешво дар Осиёи Марказӣ ва Академияи дипломатияи превентивӣ барои ҷавонон ба кор андохта шуданд.
Наталя Герман ба Президенти Ӯзбекистон барои ташаббусҳои муҳимаш, ки ба таҳкими фазои дӯстӣ, неки ҳамсоягӣ ва эътимод дар минтақа, густариши ҳамкориҳои амалӣ мусоидат кардааст, изҳори сипос кард.
Намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид итминон дод, ки дар вазифаи наваш ба ҳайси роҳбари Сохтори иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ба идома додани ҳамкориҳои зич ба Ӯзбекистон дар соҳаи таъмини бехатарӣ ва суботи минтақа мусоидат хоҳад кард.