Президенти Ӯзбекистон раҳбари Мисрро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихобот табрик гуфт

    Ҳукумат 21 Dekabr 2023 3420

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 декабр дар рафти мулоқоти телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисиро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ самимона табрик кард.

    Таъкид гардид, ки иштироки баланди интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ аз дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми дӯсти Миср аз сиёсат ва самти ислоҳоти Сарвари кунунии давлат шаҳодат медиҳад.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии Ӯзбекистону Миср ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба баррасӣ шуданд.

    Ба татбиқи амалии созишҳое, ки дар ҷараёни сафари сатҳи олӣ ба Қоҳира моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Равобиту мубодилаи фаъолонаи давомёфтаистода бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ меафзояд. Татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, геология, обтаъминкунӣ, нақлиёт, логистика, саноати кимиё ва дигар бахшҳои афзалиятнок оғоз гардид.

    Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба ва Шӯрои соҳибкорон мувофиқа карда шуд.

    Аз рӯи масъалаҳои актуалии рӯзномаи байналмилалӣ низ мубодилаи афкор барпо гардид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates