Президенти Ӯзбекистон дар боғи Александри Маскав гул гузошт

    Ҳукумат 6 Oktabr 2023 5135

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар аввали рӯзи дуюми барномаи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия ба Қабри Сарбози номаълуми боғи Александри шаҳри Маскав гул гузошт.

    Ҳайкали ёдгорӣ дар назди деворҳои Кремл ба шарафи миллионҳо нафар ҷанговароне, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар муҳорибаҳо баҳри муҳо-физати Ватан мардонавор ҷангида, ҳалок гардидаанд, сохта шудааст. Ёдгорӣ рамзи қаҳрамонӣ ва корнамоии аҷдодони мост.

    Президенти Ӯзбекистон гулчамбар гузошта, ба шарафи қаҳрамононе, ки ба хотири ояндаи осоиштаи башарият ҷони худро қурбон кардаанд, эҳтиром ба ҷо гузошт.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates