Вазири корҳои хориҷӣ саломи самимӣ ва орзуҳои Султони Уммон Ҳайсам бин Тариқ Ол Саидро ба сарвари давлатамон расонд.
Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар, пеш аз ҳама татбиқи босамари иқтидор дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Аҳамияти васеъ кардани портфели лоиҳаҳои ширкати муштараки сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон қайд карда шуд.
Пешниҳод шуд, ки лоиҳаҳо ва барномаҳои нав дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили рушди сектори бонк, технологияҳои ахбор, энергетика, саноат, кишоварзӣ, таълим татбиқ карда шаванд. Зарурати фаъол гардонидани робитаҳо ва механизмҳои институтсионалии ҳамкорӣ – машваратҳои мунтазами сиёсӣ, ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳо таъкид гардид.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созишномаи ашқободии соли 2011 табодули афкор сурат гирифт.