Президенти Ӯзбекистон самтҳои асосии ҳамкориро бо Бонки сармояи инфрасохтории Осиё қайд намуд

    Ҳукумат 19 May 2023 5910

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 май дар доираи чорабиниҳои рӯзи дуюми сафари давлатиаш ба ҶМЧ дар шаҳри Сиан Президенти Бонки сармояҳои инфрасохтории Осиё Сзин Литсюнро пазируфт.

    Ҷиҳатҳои амалии минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистон бо ин идораи бонуфузи байналхалқии молиявӣ баррасӣ шуданд.

    Суръати баланди рушди муносибатҳо бо Бонк тӯли солҳои охир бо қаноатмандии махсус таъкид шуд, маҷмӯи лоиҳаҳои муҳиму бартариноки сармоявӣ ва иҷтимоӣ аз 2 миллард доллар гузашт.

    Масъалаҳои дастгирӣ кардан ва пешбурди барномаҳо дар соҳаҳои мубориза бо нодорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуҳолии аҳолӣ, ҷорӣ намудани энергетикаи нав, бозсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди сектори хусусӣ дар маркази эътибор қарор доштанд.

    Муҳимияти ҳарчи зудтар қабул намудани Барномаи нави ҳамкорӣ ва тайёр кардани чорабиниҳои бузурги муштарак таъкид гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates