Дар оғози мулоқот президенти тозаинтихоби Шӯрои олимпии Осиё Шайх Ҷауон бин Ҳамад Ал-Сонӣ ба сарвари давлати мо салому дуруд ва беҳтарин таманниёти Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Сониро расонд.
Роҳбари кишвари мо барои қарор дар бораи баргузории ассамблея дар шаҳри Тошканд изҳори сипос намуда, сатҳи баланди эътимод ба Ӯзбекистонро ҳамчун шарики боэътимод дар ҳаракати байналмилалии варзишӣ таъкид кард.
Қайд гардид, ки рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятнок дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян шудааст. Омодагии ҷониби ӯзбек барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии варзишӣ, татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муштарак, ки ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ равона шудаанд, таъкид гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ барои саҳми назаррас дар рушди варзиш ва таҳкими ҳамкории байналмилалии варзишӣ Президенти кишвари мо ба директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, президенти Федератсияи ҷаҳонии намудҳои варзиши обӣ Ҳусейн ал-Мусаллам мукофоти баланди давлатӣ — ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро супурд.